Додгоҳи аврупоии адлия рӯзи 2-юми апрел гуфт, Лаҳистон (Полша), Маҷористон (Венгрия) ва Ҷумҳурии Чех қонунҳои Иттиҳоди Аврупоро поймол карда, соли 2015 монеи вуруди паноҳҷӯён ба кишварашон шуданд.
Ба иттилои додгоҳ, ин се кишвар муқаррароти тақсими баробари 160 паноҳҷӯ аз Юнон ва Итолиёро риоя накарданд.
Нақшаи тақсими муҳоҷирон дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо моҳи сентябри соли 2017 ба анҷом расид ва танҳо каме беш аз 40 ҳазор паноҳҷӯ ҷо ба ҷо шуданд.
Президенти Кумисюни Аврупо Урсула ван дер Лейен рӯзи 2-юми апрел гуфт, қарори додгоҳ муҳим аст ва афзуд: "Бо ин ки қарор ба гузашта рабт дорад, ба мо барои раҳбурдҳои оянда замина фароҳам меорад".
Варшава, Будапешт ва Прага аз оғоз бо низоми квотаи қабули паноҳҷӯён аз Сурияву Ироқ мухолифат карда ва гуфта буданд, ки муҳоҷирон хатари амниятӣ эҷод мекунанд. Додгоҳи аврупоӣ ин далелҳоро рад кард.
Додгоҳи воқеъ дар Люксембург гуфт, Лаҳистон нахост 100 паноҳандаро қабул кунад. Ҷумҳурии Чех аз 50 паноҳҷӯ ба 12 нафар сарпаноҳ дод ва Маҷористон ҳеч касро напазируфт.
Нахуствазири Ҷумҳурии Чех Андрей Бабиш рӯзи 2-юми апрел ҳукми додгоҳро рад кард. Вай гуфт, "масъалаи муҳим" ин аст, ки Ҷумҳурии Чех "ҳеч як паноҳҷӯро қабул намекунад ва ба шарофати мо буд, ки низоми квота дигар вуҷуд надорад".
Вазири адлияи Маҷористон Ҷудит Варгас ҳукми додгоҳро "табъизомез" номид ва сухангӯи ҳукумати Лаҳистон Пйотр Мюллер гуфт, ҳукми додгоҳ "аҳамияти амалӣ надорад".