Ҳукумати Чин ба Қирғизистон 21 ҳазор тести санҷиши фаврии коронавирус ё худ COVID-19 дод. Дар ин бора ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус дар Қирғизистон иттилоъ дод.
Ба огаҳии ситод, ин тестҳо дар муддати 20 дақиқа муайян хоҳанд кард, ки шахс ба коронавирус мубтало шудааст, ё не. Дар Қирғизистон то 2-юми апрел 116 кас ба коронавирус мубтало шудааст.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба дабири кулли СММ Антониу Гутерриш паём фиристодааст.
Ҷеенбеков дар паёмаш аз даъвати Гутерриш барои роҳандозии нақшаи ҷаҳонии кӯмаки башардӯстона ба маблағи 2 млрд доллар барои сармоягузории мубориза бо коронавирус ҷонибдорӣ кардааст.
Президенти Қирғизистон ҳамчунин дар бораи мушкилиҳое гуфтааст, ки кишвараш дар мубориза бо коронавирус рӯбарӯ мешавад.