Қирғизистон барои вайронкунандагони ҳолати фавқулодда ҷарима таъйин кард

Порлумони Қирғизистон, 1 апрел,2020.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 1-уми апрел ба Кодекси ҷиноӣ, Кодекс дар бораи бадрафторӣ ва Кодекс дар бораи қонуншиканиҳо, тағйирот ворид кард. Бар асоси ин тағйирот, ҳамакнун барои вайронкунандагони тартиботи ҳолати фавқулодда ҷарима ва дигар навъи муҷозот таъйин шуд.

Ба ин тартиб, барои вайронсозии барқасдона ва ё ноогоҳонаи талаботи санитариву беҳдоштӣ, ки боиси мубталошавии дастаҷамъӣ, заҳролудшавии оммавӣ ва ё зиёни ҷиддӣ мегардад, аз 120 ҳазор сом (наздики 1,5 ҳазор доллар) то 300 ҳазор сом ҷарима ва ё аз 1,5 то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Памирбек Асанов, муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, то кунун касе барои вайрон кардани талаботи ҳолати фавқулодда ҷарима нашудааст, зеро дар қонунгузории он кишвар то ҳол чунин меъёре мавҷуд набуд.

Дар се шаҳр ва се ноҳияи калонтарини Қирғизистон сар аз 25-уми март ҳолати фавқулодда эълом шудааст. Рӯзона гардиши одамон ва нақлиёт маҳдуд ва шабона - аз соати 20:00 то 07:00 қуюди шабгардӣ эълом шудааст.