Вебсайти хабарии ej.by дар Беларус хабар дод, ки раис ва сардабири ин расона бо иттиҳоми порагирӣ боздошт шуд. Департаменти таҳқиқоти молӣ рӯзи 26 март дар изҳороте хабар дод, ки Сергей Сатсук рӯзи 25 март дар як амалиёти вижаи ин ниҳод боздошт шуд.
Анҷумани журналистони Беларус гуфт, ки баъди боздошти Сатсук идораи вебсайти хабарӣ ҳам кофтукоб шуд ва мақомот санадҳоеро мусодира карда бо худ бурданд.
Аляксандр Сатсук, бародари Сергей Сатсук иттиҳомотро “дурӯғин ва беҳуда” номида, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимолан боздошти ӯ ба гузориши таҳқиқотии бародараш дар бораи фасод дар вазорати беҳдошти кишвар ба ҳангоми воридоти маводи дорувори тиббӣ рабт мегирад.
Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар масоили озодии матбуот дар изҳороти рӯзи 26 марташ гуфт, ки аз боздошти Сатсук “хеле нигарон”аст.
Дезир гуфт, ки хабарнигори боздоштшуда дар гузашта ҳам дар мавзӯи фасод дар бахши беҳдошт гузоришҳо навишта, батозагӣ дар гузоришҳояш бархӯрди мақомоти Беларус ба хуруҷи коронавирусро ба боди интиқод кашида буд.
Намояндаи САҲА таъкид кард, ки журналистон набояд барои пӯшиши хабарии масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳам вазъи атрофи Ковид-19 “таҳдид, таъқиб ё боздошт шаванд”. Ӯ гуфт, ки журналистон дар нашри гузориш оид ба пандемияи коронавирус ва ироаи иттилои муҳим барои ҷомеа нақши муҳим мебозанд.