Вазорати молияи ИМА бекор кардани таҳрими моҳи апрели соли 2018 нисбати Олег Дерипаска ҷорикардаашро рад намуд. Дар ин бора дар санадҳои додгоҳии ҳавзаи Колумбия навишта шудааст, ки аввал шуда онро журналистони РБК ошкор карданд.
Вазорати молияи ИМА бояд то 26 март ба Дерипаска дар номаи расмӣ шарҳ диҳад, ки далели рад шудани бекоркунии таҳрим дар чист. Баъди ин то 16 апрел миллиардери рус метавонад аз болои ин қарор шикоят кунад.
Forbes навишт, ки ба ин тартиб то 17 июл ҷонибҳо ҳақ доранд мувофиқаҳои марбут ба ин парвандаро баррасӣ кунанд ва баъди ин имкони бозбинӣ шудани қарор дар додгоҳ вуҷуд дорад.
ИМА ду сол пеш бар асоси қонун “Дар бораи муқовимат ба мухолифони Амрико” Дерипаскаву ширкатҳои ӯро таҳрим кард. Моҳи марти соли гузашта соҳибкор аз болои вазорати молия ва раҳбараш Стивен Мнучин ба додгоҳ шикоят ва талаб кард, ки таҳрим бекор шавад. Дерипаска дар аризааш гуфт, ки қурбонии як ихтилофи сиёсӣ шуд ва таҳримҳо қонунҳои Амрикоро нақз мекунанд.
Ҷудо аз ин вазорати молия бархе маводҳоро фош кард, ки ҳамчун асоси таҳрим истифода шудааст. Аз ҷумла, Дерипаска дар тарҳҳои инвеститсионӣ дар Сочи дар остонаи Олимпиадаи соли 2014 иштирок карда бо дархости президент Владимир Путин чандин тарҳро маблағгузорӣ кардааст. Ин маълумотро миллардер “беасос” меномад.
Баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои амрикоӣ, Дерипаска маҷбур шуд саҳмияҳои ширкатҳои
"Русал" ва "En+"-ро фурӯхт ва аз рӯи ҳисобҳои Forbes, дар як сол даромади ин соҳибкор 500 миллион доллар кам шуд.