Раиси баҳсбарангези Кумисюни интихоботии Маскав аз вазифааш рафт

Валентин Горбунов. Акс аз соли 2019

Матбуоти Русия хабар дод, ки Валентин Горбунов, раиси собиқадори Кумисюни интихоботии шаҳри Маскав бо сабаби беморӣ аз мансаб рафтааст.

Соли гузашта фаъолон ва аъзои ҳизбҳои мухолифин барканории Горбуновро аз мақомаш талаб карда буданд. Онҳо гуфтанд, дар интихоботи маҳаллии соли 2019 номзадҳои мустақил ва ҳизбҳои оппозитсионӣ барои иштирок дар интихобот роҳ дода нашуданд.

Горбунов рӯзи 16-уми март гуфтааст, ки мақомро бо сабаби вазъи саломатиаш тарк мекунад. Горбунови 66-сола аз соли 1995 ба ин сӯ раҳбарии Кумисюни интихоботии шаҳри Маскавро ба ӯҳда дорад.

Интихоботҳои солҳои 1999 то 2019 барои интихоби шаҳрдор ва маҷлиси вакилони шаҳри Маскав ҳамеша мояи эътирози мухолифон ва раъйдиҳандагон шудааст.

Валентин Горбунов аз солҳои 1970-ум дар кумисюнҳои интихоботии Иттиҳоди Шӯравӣ корро сар карда, то замони истеъфо дар ин сохтор ифои вазифа намудааст. Замоне ки Юрий Лужков шаҳрдори Маскав буд, мухолифон таҳти назари мақомот будани ин Кумисюнро интиқод мекарданд.