Ду кишвар барои роҳ наёфтани вирус ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд

Дар фурудгоҳи Душанбе санҷиши эҳтимолияти мусофирон ба роҳ сонда шудааст

Ҳукумати Ҷопон гуфт, дар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус таҷҳизоти тиббӣ ворид мешавад. Дар ин бораи рӯзи 13-уми март дар мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва роҳбари дафтари Агентии Ҳамкориҳои Байналмилалии Ҷопон (JIKA) дар Тоҷикистон Хидеки Танабе хабар дода шуд. Дар бораи васоил ва ҳаҷми кӯмак чизе гуфта нашудааст.

Рӯзе пештар аз ин Оҷонсии Рушди Байналмилалии Амрико (USAID) ба Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ тақдим намуд. Ин кумакҳо “аз ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ” иборат аст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст. Вазорати тандурустӣ дар вебсайташ рӯзи 13уми март хабар дод, ки “чораҳои пешгирӣ аз интиқоли он ба кишвар рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд”. Ба гуфтаи вазорат, то рӯзи 12 март 1594 нафар афроде, ки аз Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Тоҷикистон ворид шуданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат шудаанд, 357 нафар дар карантин қарор доранд.

Рӯзи 12 март Русия ҳам гуфт, ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки ба узвияти Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд шомил ҳастанд, дастгоҳҳои санҷиши коронавирусро тақдим мекунад. Изҳороти Роспотребнадзор – Хадамоти федеролии назорат аз некӯаҳволии сокинони Русия 12 март дар вебсайти ин ниҳод нашр шуд. Дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст, ки барои назорат аз вазъияти эмидемикӣ ва паҳншавии коронавирус ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, инчунин Озарбойҷон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрону Чину дигарҳо тест-системаҳои дар назди Роспотребнадзор сохташуда ирсол шуд.

Дар хабари расмӣ омадааст, ки дар маҷмӯъ 800 адад тест-система фиристода шуд ва ин дастгоҳҳо имкони барпо кардани 80 ҳазор таҳқиқи лабораториро имкон медиҳад. Ба Эрон, ки дар ҳолати сангин қарор дорад, 500 бастаи ташхисӣ тақдим шудааст.