Додситонии кулли Узбекистон касонеро, ки ду рӯз пайи ҳам назди бинои девони вазирон ҷамъ шуда буданд, "ташкилкунандагони беназмӣ" унвон кард.
Рӯзи 4-уми март наздики 60 тан аз сокинони вилоятҳои Ҷиззах, Қашқадарё, Фарғона ва Тошканд назди девони вазирони Узбекистон дар шаҳри Тошканд ҷамъ шуданд. Ба онҳо иҷозаи вуруд ба қабулгоҳи мардумии президентро надоданд.
"Мо дар остонаи таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии занон ба қабулгоҳи мардумии президент омадем, дар чунин рӯз ҳам ба занон иҷозаи вуруд намедиҳед?", - мегӯяд яке аз занони эътирозгар.
Ширкаткунандаи дигари ин эътироз гуфт, кормандони мақомоти қудратӣ ӯро ба идораи пулис бурда, латту кӯб кардаанд.
Ин бори аввал нест, ки сокинони Узбекистон аз роҳ наёфтан ба қабулгоҳи мардумии президент шикоят мекунанд.
Дар соли 2018 дар Тошканд гуруҳе аз занон боздошт шуд, ки назди дастгоҳи президент омада, мехостанд, аз рафторҳои пулис ва додситонӣ шикоят кунанд. Президент ин занҳоро ба ҳузур напазируфт ва чанде аз онҳо боздошту дар "майдаавбошӣ" айбдор шуданд.