Ширкати ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йӯлларӣ" барои баргардонидани шаҳрвандони ин кишвар аз Кореяи Ҷанубӣ ба ватан 8-уми март парвозеро аз шаҳри Сеул ба Тошканд анҷом хоҳад дод.
Вазорати умури хориҷии Узбекистон ҳамчунин иттилоъ додааст, ки чунин парвоз рӯзҳои 15, 22 ва 29 март низ анҷом дода мешавад.
Шаҳрвандони Узбекистон, ки дар Кореяи Ҷанубӣ қарор доранд, ба маҳзи ба ватан баргаштан, ба карантин гирифта хоҳанд шуд.
"Сафорат ба ҳамватанон тавсия медиҳад, ки тасмимҳои баъдии худ, аз ҷумла баргашт ба ватанро оромона ва дақиқ бигиранд. Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бо истифода аз технологияҳои пешрафта тамоми чораҳоро меандешад. Дар сурати гирифтории шаҳрвандони хориҷӣ ба ин вирус, табобати касбӣ кафолат дода шудааст", -афзудааст Вазорати умури хориҷии Узбекистон.