Додгоҳи баррасии шикоятҳои вилояти Павлодари Қазоқистон 2-юми март бозбинии парвандаи шиканҷаи зиндониён дар маҳбаси "АП-162/3" дар соли 2016-ро ба поён расонида, ҳукми ниҳоиро эълом кард.
Додгоҳ муҳлати зиндони ду корманди пешини маҳбаси "АП-162/3"-ро кам карда, ҳукмҳои боқиро бетағйир гузоштааст. Маҳкумшудаҳо ба воситаи тамоси видеоӣ дар мурофиа иштирок доштанд.
Бозбинии парванда дар асоси қазияи марги қаҳрамони пешини чандкаратаи ҷудои Қазоқистон Бахитҷон Абдукаримови 44-сола дар маҳбас сурат гирифт. Бародари варзишкор Жандос Абдукаримов аз додгоҳ хост, банди парвандаи марги бародарашро аз "Расонидан ба худкушӣ" ба "Куштор" иваз карда, парвандаро ба додситонӣ фиристад.
Килишбой Муродбеков, падари яке аз маҳбусони дигари ҷонбохта Саин Муродбекови 27-сола аз додгоҳ хост, гумонбаронро бар асоси банди "Шиканҷа" 12 сол аз озодӣ маҳрум кунад.
Вале маҳкумшудаҳо ҳамаи ин айбҳоро рад карда, аз додгоҳ дархост карданд, ки онҳоро сафед кунад.
Додгоҳи шаҳри Павлодар 4-уми сентябри соли 2019 дар робита ба ин парвандаи баҳсбарангез 14 кас, аз ҷумла кормандони пешини маҳбуси мазкур ва зиндониёни собиқро аз 5 то 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар аввал дар доираи парвандаи мазкур 16 кас, аз ҷумла 10 корманди пешини маҳбас ба ҳайси гумонбар иштирок доштанд. Ду гумонбар - муовини пешини сардори маҳбас оид ба корҳои тарбиявӣ Виталий Гажало ва як масъули дигари маҳбас А. Подлипалин пеш аз поёни тафтишот даргузаштанд.