Раъйдиҳӣ дар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар хориҷа

Рӯзи 1-уми март овоздиҳӣ барои интихоби вакилони порлумони Тоҷикистон дар намояндагиҳои расмии кишвар дар хориҷ ҳам баргузор шуд.

Овоздиҳӣ дар Пекину Сеул дар пасманзари таҳдидҳои коронавирус

Дар Пекин, пойтахти Чин, кишваре, ки дар он моҳи декабр коронавирус кашф шуд ва то ҳол боис ба марги беш аз 2800 нафар гардид, овоздиҳӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ба анҷом расид.

Қабл аз карантин дар Чин беш аз 3500 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯён зиндагӣ мекарданд, вале баъди ба Тоҷикистон баргаштани бисёриҳо ҳоло шумори дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин маълум нест.

Муҳаммади Эгамзод, муовини раиси қитъаи интихоботӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Пекин, гуфт, то шом 27 шаҳрванди кишвар - кормандони сафорат ва Котиботи созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳамроҳ бо оилаҳои худ овоз додаанд. "Ҷавонтарин овоздиҳандаҳо - ду узви 18-солаи хонаводаҳои дипломатҳои тоҷик ва калонсолтарин - модари 62-солаи яке аз дипломатҳои тоҷик буданд", гуфт ӯ.

Ҳолати карантин дар Кореяи Ҷанубӣ ҳам бо сабаби паҳншавии босуръати коронавирус, ба қавли сафорати Тоҷикистон дар Сеул, дар шумори ширкатдорони интихоботи парлумонӣ таъсиргузор шуд. Дар қитъаи интихоботии назди сафорати Тоҷикистон рӯзи 1 март 31 шаҳрванд овоз доданд. Як дипломати сафорати Кореяи Ҷанубӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҷмӯъ дар тамоми шаҳру манотиқи ин кишвар беш аз 500 шаҳрванд, аз ҷумла, 120 донишҷӯ ба сар мебаранд. Беш аз 80 дарсади донишҷӯҳо дар шаҳри Тегу зиндагӣ мекунанд. Дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Кореяи Ҷанубӣ соҳибкорон ва инчунин, кореягиҳои тоҷикистонӣ ҳам ҳастанд, ки ҳақи иқомати доимӣ дар ватани бобоии худро доранд. Вале бо сабаби карантити сартосарӣ, аксарияти онҳо барои овоздиҳӣ ба пойтахт – шаҳри Сеул омада натавонистанд.

Овоздиҳӣ дар Аврупову Русия ҳам барпо шуд

Интихобот рӯзи 1-уми март дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Эрону Австрия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам идома дорад. Дар Австрия то нисфирӯзӣ 12 нафар овоз додаанд. Дар ин ҷо то 60 шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Дар намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Белгия, ки тоҷикистониҳои муқими се кишвар - Белгия, Нидерланди ва Люксембургро намояндагӣ мекунад, ҳамчунин овоздиҳӣ баргузор шуд. То шоми 1 март, ба иттилои як дипломати ин сафоратхона, ҳудудан 50 шаҳрванди Тоҷикистон овоз доданд.

Дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳавзаҳои интихоботӣ дар шаҳрҳои Абузабӣ ва Дубай боз аст. Дар ин кишвар 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шумори овоздодаҳо дар Абузабӣ то нисфирӯзии Душанбе тахминан 12 нафар буд.

Дар бинои сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар панҷ шаҳри Русия низ ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода шудааст. Беш аз ҳама муҳоҷирон дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба интихобот ҳозир шудаанд. Ба иттилои мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия то соати 11 беш аз 2 ҳазор нафар овоз доданд. Бино ба иттилои консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирск зиёда аз якуним ҳазор интихобкунанда то соати ёздаҳ овоз доданд.

Дертар аз ҳама овоздиҳӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА шурӯъ шуд. Ин ҷо, ки аз Душанбе 10 соат қафо аст, овоздиҳӣ соати 6 субҳ ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон аз пеш шаҳрвандони худро барои овоздиҳӣ ба қароргоҳи сафорат даъват кард. Ин ҷо низ овоздиҳӣ соати 8-и бегоҳ ҷамъбаст мешавад.

"Буюк Париж" ва консулгарӣ дар Истамбул

Дар Истамбул – маркази тиҷоратии Туркия, ки макони будубоши зиёди тоҷикистониҳо мебошад, овоздиҳӣ субҳи соати 6 шурӯъ шуда, қарор аст соатҳои 8 бегоҳ ба анҷом расад. Дар қайди расмии консулгарӣ беш аз 800 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун сокини Истамбул ва атрофи он номнавис шудаанд. Як корманди ин консулгарӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 1 март гуфт, ки масъулин дар ду нуқта шароити овоздиҳиро ташкил карданд – яке дар дохили консулгарӣ ва дигаре дар меҳмонхонаи “Буюк Париж”, ки дар канори дигари шаҳр дар макони таҷаммӯи бештари тоҷикистониҳо ҷойгир мебошад.

“Дар меҳмонхонаи “Буюк Париж” мо қуттии сайёр гузоштем, то ки ширкат дар овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон осон шавад. Илова ба ин, субҳ дар ин меҳмонхона 218 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд ва азбаски то бозгашти онҳо ба ватан дер мешавад, онҳо субҳи барвақт дар ҳамин ҷо овоз доданд”, гуфт дипломати тоҷик, ки нахост номаш нашр шавад. Ӯ афзуд, дар Истамбул то ин лаҳзаҳо (соатҳои 16:00 ба вақти Душанбе) дар маҷмӯъ 300 нафар овоз доданд. Инҳо донишҷӯёну соҳибкорон ва ҳам тоҷикони муқими Туркия мебошанд.