Мақомоти иёлати Вашингтон дар Амрико рӯзи шанбе аз аввалин мавриди марг дар ин кишвар бар асари гирифторӣ ба коронавирус хабар доданд.
Ҳокими иёлати Вашингтон бо нашри як хабарнома гуфтааст, "имрӯзи рӯзи ғамноке барои иёлати мост, зеро огоҳӣ ёфтем яке аз сокинони иёлати Вашингтон бар асари бемории коронавирус даргузаштааст".
Ҳанӯз маълумоте дар бораи ин шахс ироа нашудааст ва қарор аст мақомот бо баргузор кардани нишасти хабарӣ, дар ин бора маълумот диҳанд.
То кунун 67 мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар Амрико таъйид шудааст. Пеш аз ин низ як шаҳрванди 60-солаи амрикоӣ бар асари гирифторӣ ба ин вирус даргузашта буд. Ӯ ҳангоме, ки даргузашт, дар Вуҳани Чин буд, на дар хоки Амрико.
Бемории коронавирус авохири соли гузашта дар Вуҳани Чин пайдо шуд ва мавридҳои гирифторӣ дар 40 кишвари ҷаҳон сабт шудааст. Дар ин муддат беш аз 2800 нафар ҷон бохта, ҳудуди 80 ҳазор тани дигар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.