Тақдири симкортҳо чӣ хоҳад шуд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳлати таъинкардаи мақомоти Тоҷикистон барои сабтиноми дубораи симкортҳо бо шиносномаи нави пластикӣ рӯзи 15-уми феврал ба анҷом мерасад. Баъзе аз ширкатҳои мобилӣ ҳушдор додаанд, ки дар сурати то ин сана сабти ном накардани симкортҳо бо шиносномаи нав фаъолияти симкортҳо қатъ карда мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хостааст, ки ин муҳлатро дарозтар кунанд.