Бердибек Сафарбоев, ҳокими вилояти Ҷамбили Қазоқистон гуфт, дар пайи ҳаводиси фоҷиабори деҳоти ноҳияи Кордай, ки боиси марги 10 сокин ва даҳҳо маҷруҳ шуд, "бисёр"-и одамон ба Қирғизистон фирор карданд. "Давоми ду рӯз наздики 8 ҳазор шаҳрванд дубора ба Қазоқистон баргаштанд",-гуфт вай.
Ҳоким афзуд, дар натиҷаи низои байни дунгантаборон ва қазоқҳо дар ноҳияи Кордай, 19 корманди пулис зарар дидааст. Сафарбоев гуфт, айни ҳол вазъ "муътадил" аст. "Сар аз дирӯз ҳамаи мактабҳо ва боғчаҳо, мағозаҳо дубора ба кор шуруъ карданд",-гуфт ҳокими вилояти Ҷамбил.
"Давоми панҷ рӯз 178 одам барои дарёфти ёрии тиббӣ муроҷиат кардааст. Аз ин теъдод 19 тан кормандони мақомоти қудратӣ ҳастанд. 10 кас кушта шуд. Ба хонаводаҳои кушташудаҳо ёрӣ расонида мешавад", - афзуд ҳоким.
Сафарбоев хабар дод, ки давоми чанд рӯзи оянда мақомот ҳаҷми хисороти низои охирро муайян ва баъдан ба ҳукумат дар бораи пардохти ҷубронпулӣ муроҷиат хоҳанд кард.
Дар ибтидо гуфта мешуд, ки ҳудуди 4,5 ҳазор дунгантабор дар пайи низоъ дар ноҳияи Кордай ба ҳудуди Қирғизистон фирор кардааст. Аммо бино бар оморҳои мухталиф, шумори фирориён ба даҳҳо ҳазор мерасад.