Сокинони Кордай баъди фурӯ нишасти низоъ ба манзилҳояшон баргаштанд

Марзи Қирғизистон-Қазоқистон. 9-уми феврали 2020.

Мақомоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд, ки сар аз 9-уми феврал бозгашти шаҳрвандони Қазоқистон аз Қирғизистон оғоз шуд. Ҳамчунин мақомоти расмии Қазоқистон қисме аз маҷруҳонро, ки дар бемористонҳои Қирғизистон бистарӣ шуда буданд, ба кишвар баргардониданд. Шаби 7 ба 8 феврал дар ин маҳал беназмиҳо рух дод.

Ин дар ҳолест, ки шоми 8-уми феврал ҳукумати вилояти Ҷамбил дар ноҳияи Кордай "вазъи фавқулодаи дорои хусусияти маҳаллӣ" эълом кард. Субҳи 9-уми феврал хабар расид, ки шумори қурбониёни низоъ дар минтақа ба 10 тан расидааст.

Мақомоти Қазоқистон ваъдаи барқарорсозии манзилҳои тахрибшуда дар ноҳияи Кордайро доданд.

Гуфта мешавад, 34 тан аз шаҳрвандони Қазоқистон дар бемористонҳои Қирғизистон бистарӣ шуда буданд. Айни ҳол ҳамагӣ 5 шаҳрванди Қазоқистон дар бемористони ноҳияи Токмоки Қирғизистон бистарӣ ва таҳти назорати табибон ҳастанд. Шумори бистариҳо дар бемористонҳои Қазоқистон ба 39 тан мерасад. Дар пайи низоъ дар ноҳияи Кордайи Қазоқистон ҳудуди 4 ҳазору 500 тан аз шаҳрвандони ин кишвар шоми 8 феврал ба Қирғизистон фирор карданд.

Мақомоти Қазоқистон барои бартарафсозии оқибати низоъ комисияи вижае таъсис доданд. Ин комисия қурбониёнро дафн, ҳаҷми хисоротро муайян ва нақшаи барқарорсозии амволи сокинонро тартиб медиҳад.

Субҳи 9-уми феврал Қосимҷомарт Тоқаев дар саҳифаи "Твиттер" навишт, ки "хунрезӣ бо айби иғвогарон ва чашмпӯшии кормандони мақомоти давлатӣ рух дод". Президент ҳамзамон ваъдаи муҷозоти гунаҳкоронро дод.

Дар панҷ деҳаи ноҳияи Кордайи Қазоқистон шаби 7 ба 8 феврал, ба гуфтаи сокинон, бетартибии оммавӣ сар зад. Ин бетартибиҳо аз ҷумла дар деҳаҳои Масанчӣ, Сортоб ва Аухаттӣ рух доданд, ки аксари сокинонашон дунтантаборон ҳастанд.

Ба иттилои ВКД Қазоқистон, бештар аз 30 манзил, 15 нуқтаи тиҷорӣ, 23 мошин зарар дидааст. Мақомоти Қазоқистон дар пайи ин ҳодиса парванда боз кардаанд.