Трамп дар шарҳи изҳори нобоварӣ: "Аз дӯзах гузаштем"

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико. 6 феврали соли 2020.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе натиҷаи раъйгирии Сенатро дар мавриди аз мақом барканор кардани ӯ шарҳ дод. Сенаторҳои амрикоӣ бо аксари оро Трампро бар асоси ҳар ду моддае сафед карданд, ки Маҷлиси намояндагон айб эълом карда буд.

Трамп ҳангоми суханронӣ дар Кохи Сафед раванди изҳори нобоварӣ ба худро "бад" ва кори "пулисҳои ифлос", "дуруғгӯҳо" ва "хабарчинҳо" номид. Ба гуфтаи Трамп, "чизе ки ӯ дар замони баррасии масъалаи изҳори нобоварӣ пушти сар кард, ягон президент накардааст".

"Аз дӯзах гузаштем", - афзуд Трамп. Вай бори дигар таъкид кард, ки дар робита ба Украина ва рақиби сиёсияш Ҷо Байден ҳеч гуна қонунеро нақз накарда буд. Президенти ИМА ба "дӯстон"-и ҷумҳурихоҳаш барои дастгирӣ миннатдорӣ баён кард.

Дар баробари демократҳо, ташаббускорони раванди изҳори нобоварӣ сардори пешини Бюрои федеролии тафтишотии ИМА Ҷеймс Комиро низ сахт танқид кард. Ҳамчунин аз амали Митт Ромнӣ, ягона ҷумҳурихоҳе, ки барои барканории Трамп раъй дод, изҳори таассуф намуд.

Доналд Трамп бори дигар демократҳоро ба он айбдор кард, ки давоми се соли ворид шуданаш ба Кохи Сафед онҳо талош кардаанд, то ӯро аз мақом барканор кунанд.

Маҷлиси намояндагони ИМА зидди Трамп бар асоси ду модда - "Сӯистифода аз мақом" ва "Монеъ шудан ба тафтишоти Конгресс" айб эълом кард. Вале Сенат бо аксари оро ӯро сафед намуд.

Трамп севумин президенти ИМА шуд, ки зиддаш раванди изҳори нобоварӣ оғоз ва дар Сенат сафед мешавад.