Қазоқистон содироти ниқобҳои тиббиро манъ кард

Ниқобҳои тиббӣ. Акс аз бойгонӣ.

Қазоқистон содироти ниқобҳои тиббиро пас аз он ки дар пайи паҳни коронавирус талабот ба он дар Чин афзоиш ёфт, манъ кард.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон, ки бо Чин 1 ҳазору 800 километр марзи мушатрак дорад, ягон ҳолати мубтало шудан ба коронавирус ошкор нашудааст. Вале даҳҳо нафаре, ки аз Чин ба Қазоқистон баргаштаанд, дар карантин нигаҳдорӣ мешаванд.

"Бархе аз истеҳсолгарон ва дастраскунандагони ниқобҳои тиббӣ амали ғайриахлоқӣ анҷом доданд. Онҳо захираҳоро ба Чин фурӯхтанд. Бинобар ин, ҳукумат содироти онро манъ кард",-гуфт сухангӯи Вазорати тандурустии Қазоқистон Диас Аҳмадшариф 6 феврал дар нишасти хабарӣ.

Дар Чин то ҳол 563 кас аз коронавирус ҷон бохтаанд. Дар умум беш аз 28 ҳазор одам ба он мубтало шудаанд. Ду нафар - яке дар Ҳонгконг ва дигаре дар Филиппин аз ин вирус ба ҳалокат расидаанд.