Тафтиши парвандаи масъули пешини ВКД-и Қирғизистон ба поён расид

Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон.

Тафтиши парвандаи Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон ба поён расид. Дар ин бора Додситонии кулли Қирғизистон иттилоъ дод.

Додситонии кулли Қирғизистон 14-уми август нисбати Курсан Асанов, ки бо ҷурми "хиёнат ба манофеи милисаи Қирғизистон" аз мақоми муовинии вазири корҳои дохилӣ озод шуд, бар асоси се банд парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Асанов рӯзҳои 7-8 августи соли гузашта дар ҳамла ба манзили президенти он кишвар Алмосбек Отамбоев ширкат ва президенти пешинро ба таслимшавӣ водор кард.

Мақомоти додситонӣ хабар доданд, ки парванда бо моддаи "Сӯистифода аз мақом" ба он хотир боз шудааст, ки Асанов: ҳангоми ҳамла дастурҳои вазири корҳои дохилиро нодида гирифта; худсарона амал карда; ҳангоми ҳамла ҳайати шахсиро беназорат гузошта ва бо ин рафтораш кормандони милисаро дар хатар гузоштааст.

Мақомот ҳамчунин гуфтанд, Асанов "ба таблиғи шахсии худ пардохта, ба кормандони милиса дастур дод, ки рӯйдодҳоро ба навор гиранд".

Вале Асанов гуфт, он рӯз дар манзили Отамбоев "қарзи хизматиашро иҷро кард" ва "назди кишвару виҷдонаш пок аст". "Манфиатҳои шахсиамро болотар аз манфиатҳои давлатӣ нагузоштаам", - афзуд вай.