Донишҷӯёни қирғизи овардашуда аз Чинро дар утоқҳои махсус бистарӣ карданд

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар муътадил буда, то ҳол ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус мушоҳида нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, 12 донишҷӯи қирғизе, ки аз Чин баргардонида шудаанд, дар утоқҳои махсус дар бемористон бистарианд.

"Ҳамаи донишҷӯён зери назорати доимии тиббӣ қарор доранд. Вазъи онҳо қаноатбахш буда, то ҳол дар онҳо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси нав мушоҳида нашудааст",-афзуд вазорат.

​Ба огаҳии Комиссияи миллии тандурустии Чин, то ҳол 5 ҳазору 974 нафар ба вируси нав мубтало шуда, 9 ҳазору 239 нафари дигар бо гумонӣ гирифторӣ ба он зери назорати табибон ҳастанд.

Дар баробари Чин дар кишварҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Осиё низ ҳолатҳои гирифторӣ ба вируси нав мушоҳида шудааст.