Тақдири 3,8 миллион симкорт чӣ мешавад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон қариб 4 миллион симкорт ҳанӯз бо шиносномаи соли 1996 фаъол будааст. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтанд, дар сурати то 15-уми феврал сабтином накардан бо шиносномаҳои нав, мумкин аст, фаъолияти симкортҳо қатъ шавад. Сокинон мегӯянд, иваз кардани симкорт пулу фурсат мехоҳад.