Нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ мемонанд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои ироқии ӯ Барҳом Солеҳ. Швейтсария. 22-юми январи соли 2020

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои ироқии ӯ Барҳом Солеҳ ба мувофиқа расидаанд, ки нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ бояд ҳамчунон ҳузур дошта бошанд. Кохи Сафед гуфт, ду тараф дар ин бора рӯзи 21-уми январ дар Швейтсария гуфтугӯ кардаанд.

Дар баёнияи расмии ҳукумати Амрико омадааст, "ду раҳбар ба ин назаранд, ки ҳамкории Амрикову Ироқ дар арсаҳои иқтисодӣ ва амниятӣ ва аз ҷумла мубориза бо (ДОИШ) муҳим аст. Президент Трамп ба аҳди қавии Амрико барои ҳимоят аз Ироқил мустақилу ором ва шукуфо таъкид кардааст".

Раисони ҷумҳури Амрико ва Ироқ дар ҳошияи Форуми иқтисодии Давос дар Швейтсария мулоқот доштанд ва ин нахустин гуфтугӯи онҳо баъди қатли Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи бонуфузи эронӣ дар Бағдод аст.

Куштани Сулаймонӣ аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ бисёре аз сиёсатмадорони Ироқро ба хашм овард ва сабаб шуд, ки порлумони кишвар бо қабули қароре ихроҷи нерӯҳои Амрикоро аз Ироқ талаб кунад.

Қабл аз мулоқот Барҳом Солеҳ гуфт, Вашингтон ва Бағдод ҳамкориҳои пойдор доранд ва Амрико дар ҷанг ба зидди гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" як ҳампаймони Ироқ будааст.