Президенти Русия Владимир Путин номзадии раиси Хадамоти федеролии андоз Михаил Мишустинро ба мақоми раисии ҳукумати нави ин кишвар ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.
Мишустини 53-сола аз соли 2010 ба ин сӯ раиси Хадамоти федеролии андози Русия аст. Ӯ дар гузашта дар бахши сармоягузорӣ кор карда, як муддат муовини вазир оид ба андоз ва ҷамъоварии он буд.
Маҷаллаи Forbes ҳамсари ӯро бо 160 миллион рубл даромади солона ба рӯйхати сарватмандтарин ҳамсарони мансабдорон шомил кард.
Ҳукумати Русия 15-уми январ, баъди паёми Путин ба Шӯрои федеролӣ ба истеъфо рафт. Путин дар паёмаш тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Русияро пешниҳод кард, ки низоми сиёсии ин кишварро куллан тағйир хоҳанд дод. Аз ҷумла, хост, салоҳиятҳо ба нафъи порлумон ва Шӯрои давлатӣ, ки ҳоло ҳеч салоҳияти воқеие надоранд, бозтақсим шаванд.
Пешниҳод шуд, ба вакилони Думаи давлатӣ ҳаққи тасдиқи аъзои ҳукумат дода шавад. Ҳамчунин маҳдудияти беш аз ду давра интихоб шудани як шахс ба мақоми президентӣ бекор шуда, ба Шӯрои федеролӣ иҷозат дода шавад, додрасҳои додгоҳҳои конститутсионӣ ва олиро барканору таъйиноти раҳбарони ниҳодҳои қудратиро назорат кунад.