Нигаронӣ аз боздошти эронитаборон дар марзи Канада бо ИМА

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар, мансабдорони давлатӣ ва қонунгузорон гузоришҳо дар бораи боздошти эрониҳо ва амрикоиҳои эронитабор дар марзи Канада ва Амрикоро таҳқиқ мекунанд.

Бахши Шӯрои равобити амрикоиву исломӣ дар шаҳри Вашингтон мегӯяд, охири ҳафтаи гузашта беш аз 60 эронӣ ва амрикоии эронитабори сину соли мухталиф ҳангоми бозгашт аз Канада ба ИМА боздошт шуда, то 10 соат ва ё бештар аз он дар бораи назари сиёсияшон бозпурсӣ шуданд.

Дар ин байн чизу чораи шахсии онҳо ба мисли шиноснома, калиди мошин ва телефонашон дар аёлати Вашингтони ҳаммарз бо Канада мусодира шудаанд. Аксари боздоштшудаҳо аз консерт дар Канада ба Амрико бармегаштанд. Дигарон ё барои лижаронӣ ва ё тиҷорат ба Канада рафта буданд.

Шӯрои миллии Эрону Амрико мегӯяд, ки вазъро муроқибат дошта, дар ин бора ба Вазорати амнияти дохилии Амрико шикоят кардааст. Ин ҳодиса чанд рӯз пас аз куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ аз тарафи ИМА дар фурудгоҳи Бағдод ба вуқӯъ пайвастааст. Ҷасади Сулаймонӣ имрӯз дар зодгоҳаш Кирмоншоҳ ба хок супорида мешавад.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар таърихи 3 юми январ ба ҳамлаи ҳавоӣ ба генерал Сулаймон Қосимӣ дар назди фурудгоҳи Бағдод иҷозат дод. Генерал Сулаймонӣ, фармондеҳии нерӯи Қудс Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро бар ӯҳда дошт, ки амалиёти ин гурӯҳ дар хориҷи Эронро назорат мекард.