Мақомоти Арманистон мардеро боздошт карданд, ки дар саҳифаи худ дар Фейсбук иддао кард, ки нахуствазир Никол Пашинян президенти ИМА Доналд Трампро барои куштори фармондеҳи аршади низомии эронӣ табрик намуд.
Хадамоти амнияти миллии Арманистон рӯзи 5 январ як видеоро нашр кард, ки саҳнаи боздошти мардеро нишон дода мегӯяд, ин шахс аз роҳи нрашри хабарҳои дурӯғин ба манфитаҳои миллии кишвар осеб мерасонд. Хадамот гуфт, ки марди паҳнкунандаи хабарҳои дурӯғин зери номи тақаллубии Диана Арутюнян амал мекард. Хабар баъди он нашр шуд, ки рӯзи 3 январ дар фурудгоҳи байналмилалии Бағдод ИМА дар як ҳамлаи ҳавоӣ фармондеҳи нирӯҳои Қудси Эрон Қосим Сулаймониро ба ҳалокат расонд.
Дар изҳороти Хадамоти амнияти миллии Арманистон гуфта мешавад, ки иддао боиси эҷоди “хусумати миллӣ, нажодӣ ва динӣ” шудааст.
Дар ҳоле, ки парванда боз шудааст, ҳувияти марди дастгиршуда чоп намешавад. Ин дар ҳолест, ки 3 январ дар як изҳороти вазорати умури хориҷии Арманистон гуфта шуд, ки ҳодисаи ахири миёни Эрону ИМА “амнияти минтақавиро ба ҳам зада вазъ дар Ховари Миёна ва фаротар аз онро бесубот мекунад”.
Дар изҳороти Ереван аз ҳарду ҷониб даъват шудааст, ки ба тавсеаи ихтилофҳо роҳ надиҳанд ва масоилро “аз роҳи сулҳомез” ҳал кунанд.