Дар як тирандозии Кашмир чор нафар кушта шуд

Мақомот дар Покистон ва Ҳинд гуфтанд, ки дар ҳодисаи тирандозӣ дар минтақаи пуртаниши Ҳимолои Кашмир дасти кам чор нафар кушта шудааст. Генерал-майор Осиф Ғафур, сухангӯи артиши Покистон рӯзи 26 декабр гуфт, ки дар ҳодисаи тирандозӣ ду сарбози покистонӣ ва се низомии ҳинду кушта шуданд. Вале полковник Раҷеш Калиа, сухангӯи артиши Ҳинд гуфт, ки дар хати ҷудокунандаи ду кишвар дар минтақаи ҷудоиталаб як афсари ҳиндӣ ва як марди мулкӣ кушта шуданд. Ҷузъиёти аз ин бештар дар даст нест. Покистон, ки аксар сокинонаш мусалмон ҳастанд, аз замони касби истиқлолият аз дасти Бритониё дар соли 1947 бо Ҳинд се дафъа ҷанг кардааст. Ду дафъа ҷанги байни ҳамсояҳо барои назорат аз болои минтақаи Кашмир рух дод. Ҳарду ҷониб ин қаламравро моли худ меҳисобанд.