Раиси Ҳизби сиёсии "Ота-Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев нишасти хабарии солонаи президенти ин кишвар Сооронбек Ҷеенбековро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, президенти Қирғизистон салоҳиятҳои сарвазирро низ гирифтааст. "Нишасти хабариро тамошо кардам. Дар он гӯё на президент, балки сарвазир гузориш медод. Вай корҳои сарвазирро низ ба номи худ қайд кард. Гӯё ҳамаро ӯ анҷом додааст. Фардо сарвазир ба порлумон меравад ва мегӯяд, ки ин корҳоро ӯ анҷом додааст",-афзуд Текебоев.
Ба гуфтаи Текебоев, Ҷеенбеков ба монанди ҳамтои пешинаш Алмосбек Отамбоев нақзи Конститутсияи Қирғизистонро идома медиҳад. Ӯ инро ғасби қудрат номида, гуфт, бояд ба риояи меъёрҳои Конститутсия баргашт.
Сооронбой Ҷеенбеков 25-уми декабр нишасти дувуми хабарии солонаи худро баргузор кард. Дар 20 дақиқа дар бораи тамоми бахшҳои муҳими давлат ва ҷомеа - аз қарзи давлатӣ то коҳиши маълумотномаҳо сӯҳбат кард.