Чаҳор коршинос "Ояндаи бузург"-и Узбекистонро тарк карданд

Чаҳор узви Шӯрои коршиносони "Ояндаи бузург"-и Узбекистон ин созмонро тарк карданд. Миёни инҳо раиси шӯро Алишер Калонов, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози созмон Собир Шодиев, Шерзод Юсупов ва Баҳром Исмоилов ҳастанд. Ин иттилоъро ҳаммуассиси созмон Баҳром Исмоилов тасдиқ кард.

Ин дувумин гуруҳи коршиносон ҳастанд, ки "Ояндаи бузург"-ро тарк мекунанд. Онҳо сабабҳои рафтан аз созмонро шарҳ надоданд. Гуруҳи аввал иборат аз 10 коршинос "Ояндаи бузург"-ро моҳи сентябр тарк карда буданд.

Яке аз вазифаҳои асосии ин созмон пӯштибонӣ ва мусоидат ба ислоҳоти густурдае аст, ки аз сӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯи даст гирифта шудааст.

Хабар дода мешавад, ки барои расидан ба ҳадафҳои мазкур ба коршиносони Шӯрои созмон дастур шудааст, модели рушди дарозмуҳлати Узбекистонро барои то соли 2035 таҳия кунанд.

Фаттоҳ Шодиев, сарватманди узбектабор яке аз муассисони созмони "Ояндаи бузург" аст.