Садҳо нафар аз мардуми шаҳри Минск, пойтахти Беларус дуввумин бор ба зидди ҳамгироии бештари кишварашон бо Русия эътироз карданд. Рӯзи 20-уми декабр тақрибан 1600 нафар аз Майдони Октябр то ба Майдони Истиқлол дар Минск раҳпаймоӣ карданд. Онҳо дар даст нахустин парчами Беларуси мустақилро доштанд, ки дигар нест ва ҳам парчамҳои Иттиҳоди Аврупо ва шиорҳои зидди ҳамгироии наздиктар бо Русияро. Тазоҳургарон ҳамчунин “истиқлол” ва “зинда бод Беларус” шиор медоданд.
Тазоҳурот дар замоне сурат гирифт, ки Александр Лукашенко раиси ҷумҳури Беларус ва Владимир Путин рӯзи 20-уми декабр масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Русия вақтҳои ахир барои ҳамгироии бештар Беларусро зери фишори афзоянда қарор додааст.
Аввали ҳафта чанде аз пешвоёни аслии мухолифони давлати Беларусро барои ширкат дар тазоҳуротҳои рӯзҳои 7 ва 8-уми декабр ба 15 рӯзӣ ба зиндон маҳкум карданд. Тарафдоронашон мегӯянд, чунин ҷазо барои он буд, то пешвоёнашон дар тазоҳуроти рӯзи 20-уми декабр ширкат карда натавонанд.