Даъвати президент аз муҳоҷирон барои ширкати фаъол дар интихобот

Акс: president.tj

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо донишҷӯёну муҳоҷирон ва дигар аъзои ҷомеаи тоҷикони Санкт-Петербурги Русия хост, ки дар интихоботҳои соли 2020-и Тоҷикистон “фаъолона” иштирок кунанд. Мулоқоти Санкт-Петербург рӯзи 19 декабр ва як ҳафта баъди анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ки дар ҷараёни он ин ҳизб 28 нафарро номзади интихоботи парлумонӣ эълон кард.

Интизор меравад, ки дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2020 ҳизби президент аксари курсиҳои маҷлисро ба даст орад. Интихоботҳои Тоҷикистон дар тамоми солҳои истиқлолияти кишвар аз назари номутобиқаташон ба меъёрҳои демократӣ, аз ҷумла риоя нашудани принсипи бисёрҳизбиву шаффофият, мавриди интиқод будааст.

Вебсайти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар мулоқот бо ҷомеаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз заҳматҳои муҳоҷирони тоҷик ситоиш карда гуфтааст, ки ҳамеша дар мулоқот бо мақомоти баландпояи Русия роҳҳои соддатар шудани шароити қонунии будубоши муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро матраҳ мекунад. Ӯ, аз ҷумла, гуфтааст, ки дар миёни ин масоил - соддагардонии гирифтани патенти корӣ, тартибу муҳлати бақайдгирӣ, будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо ва ҳам татбиқи маъракаи такрории афви муҳоҷирон матраҳ мешавад.

Русия макони кору даромади беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар паи бекорӣ ва набуди даромад дар ватан маҷбур мешаванд рӯ ба муҳоҷирати корӣ оваранд.

Мулоқоти президент бо ҷомеаи тоҷикони Санкт-Петербург шоми 19 декабр дар доираи сафари кориаш ба Русия баргузор шуд. Президенти Тоҷикистон бо ҳадафи ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд ба Русия рафтааст ва интизор меравад, ки бо президенти Русия Владимир Путин ҳам мулоқот кунад.