Дафтари рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар изҳороте расмӣ ба мақомоти Русия ҳадафи интиқоли “метадон”-ро ба Тоҷикистон шарҳ додааст.
Мақомоти Тоҷикистонро боздошти “метадон”, як маводи хуморшикан, ки ба гуфтаи онҳо барои табобати гирифторони маводи мухадир истифода мешавад, дар фурудгоҳи Русия нигарон кардааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, “метадон” ёрии башардустони лоиҳаи UNDP – Дафтари рушди Созмони Милали Муттаҳид буд, ки ҳамасола ба Тоҷикистон фиристода мешавад.
Хадамоти гумруки Русия рӯзи 17-уми декабр аз боздошти беш аз 2 ҳазор зарфи ҳомили “метадон” хабар дод. Ин мавод, ки бо маблағи 6 миллиард рубл бояд аз Олмон тавассути Русия ба Тоҷикистон ворид мешуд, дар фурудгоҳи Внуково бо гумони қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят калон боздошт шуд.
Мақомоти Хадамоти гумруки Русия гуфтаанд, ҳаҷми “метадон” дар моеи интиқолёбанда сад маротиба камтар буда, дар қуттии он маълумоти нодуруст дода шудааст.
Аммо масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ин мавод ҳамасола ҳамчун кумаки башардӯстона аз ҷониби СММ ба Маркази наркологии кишвар оварда мешуд. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ мегӯяд, “дар ин кор ягон амали ҷиноӣ вуҷуд надорад”.
Рухшона Наҷмиддинова, намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар изҳороти ин созмон ба мақомоти Русия гуфта шудааст, “метадон бо маблағи 79 ҳазор доллар дар доираи лоиҳаи мубориза бо ВИЧ дар Тоҷикистон бояд интиқол мешуд”.
Ба гуфтаи ӯ, “метадон дар Маскав барои барғалат номгузорӣ шудан боздошт шудааст. Ин мавод барои дармонбахшии афроди муътод ҳаётан муҳим дониста мешавад. Ҳоло намояндагони лоиҳа бо мақомоти Русия ин масъаларо баррасӣ доранд ва омодаанд барои ҳалли масъала ба суолҳо посух гӯянд.”
Моеи “метадон” дар Тоҷикистон аз рӯи як барномаи вижа барои табобат ва коҳиши хумори маводи мухаддир ба нашъамандон бепул дода мешавад. Табибон метадонро безарар медонанд.