Рӯзи 18 декабр Парлумони Аврупо дар маросиме дар шаҳри Страсбурги Фаронса ҷоизаи озодии баён ба номи Сахаровро ба фаъоли ҳуқуқи уйғурҳои Чин Илҳом Тоҳтӣ тақдим кард. Илҳом Тоҳтӣ аз соли 2014 ба ин сӯ ҳукми ҳабси абадро дар зиндони Чин сипарӣ мекунад ва ҷоиза ба духтараш Ҷавҳар Илҳом тақдим шуд. Давид Сассолӣ, президенти Парлумони Аврупо зимни тақдими ҷоиза гуфт:
“Ман хеле сарфароз ҳастам ва аз он ифтихор дорам, ки ҷоизаро ба профессор Илҳом ба хотири таъкиди арзишҳои муколама, дарки ҳамаҷониба, оштӣ ва танаввуи фарҳангӣ тақдим мекунам. Ин арзишҳо асли бунёди тарҳи Аврупоро ташкил медиҳанд”.
Барандаи ҷоизаи ба номи Сахаров шудани Илҳом Тоҳтӣ моҳи октябр маълум шуд. Давид Сассолӣ дар идомаи суханрониаш аз мақомоти Чин даъват кард, ки Илҳом Тоҳтӣ билофосила озод шавад. Чин ба хотири амалҳояш дар Шинҷон ва ба қароргоҳҳои бозтарбия ҷой додани беш аз 1 миллион мусалмони ин минтақа мавриди интиқоди байналмилалӣ аст. Чин гуфтааст, ки аз ин роҳ талош дорад бо ифротгароӣ мубориза баранд.
Илҳом Тоҳтӣ як омӯзгори донишгоҳ ва ҳомии ҳуқуқ барои интиқод аз сиёсати Пекин дар ин замина мавриди фишор ва боздошт қарор гирифт. Ҷоизаи ба номи Сахарови Парлумони Аврупоро шурӯъ аз соли 1988 ба онҳое тақдим мекунанд, ки дар роҳи мубориза барои ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ корнамоӣ кардаанд.