Додгоҳ раиси ҷумҳури собиқи Судонро ба зиндон маҳкум кард

Ҳангоми муҳокима дар рӯзи 19-уми август.

Умар Башир, раиси ҷумҳури собиқи Судонро бо гуноҳи фасодкорӣ ба 2 соли зиндон маҳкум карданд. Муҳокимаи ӯ дар шаҳри Хартум рӯзи 14-уми декабр сурат гирифт ва додрас гуфт, бо назардошти синни Умар Башир, ки 75-сола аст, ӯ ҳукмашро на дар зиндон, балки муассисаи ислоҳӣ барои пиронсолон адо мекунад.

Додгоҳ ӯро ба ғайриқонунӣ нигаҳ доштани асъори хориҷӣ, ба даст овардани пул аз хориҷ ва шустушӯи даромадҳои ғайриқонунӣ гунаҳкор донист. Додгоҳ ҳамчунин амр дод, тақрибан 7 миллион евро, бештар аз 350 ҳазор доллар ва 5 миллиону 700 ҳазор фунти судониро, ки дар хонаи Умар Башир ёфтанд, ба нафъи давлат мусодира кунанд.

Умар Башир моҳи апрели имсол зери фишори тазоҳуроти мардумӣ аз мақомаш барканор шуд. Тазоҳурот аввал бо талабҳои иқтисодӣ оғоз ёфт, вале баъдан ба тазоҳуроти зидди ҳукумат ва бо даъватҳо барои истеъфои раиси ҷумҳур табдил ёфт. Ба зидди раиси ҷумҳури собиқи Судон ду парвандаи дигари ҷиноӣ боз шудааст. Ӯро ба нақш доштан, дар қатли тазоҳургарон ва ҳам табадуллоти низомии соли 1989 муттаҳам мекунанд, ки Умар Баширро ба қудрат расонд.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят низ амр додааст, ки раиси ҷумҳури собиқи Судонро, ки ба наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ дар муноқишаи вилояти Дарфур муттаҳам мешавад, барои муҳокима дар ин додгоҳ дар Гаага боздошт кунанд.