Ба вакилони анҷумани ҲХДТ дастур додаанд, ки бо расонаҳо суҳбат накунанд (Бе шарҳ)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи 13-уми декабр, баъд аз поёни анҷумани ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, аксар аъзои он аз шарҳи он чи дар дохили "Кохи Борбад"-и Душанбе гузашт, худдорӣ карданд. Баъзе фишори баланду бархеи дигар сарпӯш ва иддае камии вақтро баҳона пеш оварданд. Вале яке аз онҳо гуфт, барояшон дастур шудааст, ки бо намояндагони расонаҳо суҳбат накунанд. Ин ҳамаро хабарнигори Радиои Озодӣ ба навор гирифт ва он бе ҳеч шарҳ пешниҳод мешавад.