Беш аз 35 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Русия шуданд

Як мақоми вазорати умури дохилии Русия гуфт, ки соли 2019 шумори хориҷиҳои соҳиби шаҳрвандии ин кишваршуда аз 270 ҳазор то 360 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам мебошанд.

Валентина Казакова, сардори раёсати умури муҳоҷирати ВКД Русия дар сӯҳбат бо ТВ "Россия-24" гуфт, ки баъди соли 2013 майли хориҷиҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия бештар мешавад. Ӯ гуфт, ки қисмати зиёди онҳоро украиниҳо ташкил медиҳанд ва соли ҷорӣ 130 ҳазор шаҳрванди Украина соҳиби шиносномаи Русия шудаанд. Казакова гуфтааст, ки як далели чунин афзоиш дар қонуни федеролӣ аст, ки ба президент салоҳияти «бо ҳадафҳои башарӣ» ба гурӯҳҳои муайяни нафарон тақдим кардани шаҳрвандии Русияро имконпазир кардааст. Дар ҷои дуюм шаҳрвандони Қазоқистон ва дар ҷои сеюм – тоҷикистониҳо қарор доранд. Ӯ гуфт, ки соли 2018 - 35 ҳазору 732 шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русӣ шуд, дар ҳоле, ки соли 2017 шумори онҳо 29 ҳазору 39 нафарро ташкил дода буд. Бар асоси қонуни душаҳрвандӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд, ки баробар бо ҳифзи шаҳрвандии ватани худ табааи Русия ҳам шаванд. Бар асоси оморҳои солҳои охир, дар маҷмӯъ беш аз 250 ҳазор нафар соҳиби мақоми душаҳрвандии Тоҷикистону Русия мебошанд.