Трамп аз Бонки Ҷаҳонӣ хост, ки ба Чин қарз надиҳад

Доналд Трамп, президенти ИМА аз Бонки Ҷаҳонӣ хостааст, ки ба Чин қарз надиҳад.

Як рӯз пеш аз хости Трамп Бонки Ҷаҳонӣ тарҳи қарздиҳӣ ба Пекинро тасвиб кард.

Трамп рӯзи ҷумъа дар саҳифаи Твиттери худ навишт: “Чаро Бонки Ҷаҳонӣ ба Чин қарз медиҳад? Ин мумкин аст? Чин пули фаровон дорад ва агар надорад, онҳо (пул) месозанд. Бас кунед!”

Бонки Ҷаҳонӣ 5-уми декабр тарҳеро тасвиб кард, ки бар асоси он солона аз як миллиард то якуним миллиард доллар бо фоизи паст ба Чин қарз медиҳад.

Ин Бонк гуфтааст, додани қарз ба Чин ба пешрафти ислоҳоти молӣ ва коҳиши олудагии ҳаво кӯмак мекунад.

ИМА бузургтарин саҳмдори Бонки Ҷаҳонӣ аст, аммо дар заминаи қарздиҳӣ ба кишварҳои мушаххас салоҳияти вето надорад.