Муҳоҷирон: "Пуламонро ба наздиконамон расонед"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тағйири шеваи фиристодани пул аз Русия ба Тоҷикистон дар се рӯзи ахир беш аз ҳама муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳоро ба мушкил дучор кардааст. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, пештар онлайн ва ба воситаи низоми "Золотая корона" дар ҳар вақт ва аз ҳар ҷойи муносиб ба наздиконашон пул мефиристоданд, акнун барои интиқоли маблағ маҷбуранд аз минтақаҳои дурдасти Русия ба шаҳрҳо раванд.