Таслим шудани 113 ДОИШ-ӣ дар Афғонистон

Мақомоти интизомии Афғонистон рӯзи 17-уми ноябр ин аъзои ДОИШ-ро ба хабарнигорон нишон доданд.

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, 113 узви гуруҳи ифротии ба ном “Давлати исломӣ” рӯзи 1-уми декабр ба нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти Нангарҳор таслим шудаанд. Воҳиди низомии 201-уми артиши Афғонистон бо нашри як баёния гуфт, ки дар умум дар ноҳияи Ачин 49 ҷангҷӯ ҳамроҳи 21 зан ва 43 кӯдак таслим шудаанд.

Дар баёния омадааст, ки ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамчунин 35 аслиҳаи худро ба маъмурони амниятӣ супурданд. Даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни ДОИШ аз соли 2014 аз замони зуҳури гуруҳ дар Афғонистон дар ноҳияи Шинворӣ ва манотиқи атрофи вилояти Нангарҳор ва наздик ба марзи Покистон зиндагӣ мекарданд. Аъзои ДОИШ борҳо бо Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон даргир шудаанд ва масъулияти ҳамлаву бомбгузориҳо ба зидди мардуми осоиштаро ҳам бар уҳда гирифтаанд.

Неруҳои давлатии Афғонистон дар чанд моҳи гузашта ба зидди аъзои ДОИШ дар Ачин амалиёт мебурданд. Ба гуфтаи мақомот, амалиёт рӯзи 30-уми ноябр расман ба поён расид ва ба қавли онҳо, аз замони оғози амалиёт то ҳол 1000 ҷангҷӯи ДОИШ ва хонаводаҳояшон ба маъмурони амниятӣ таслим шуданд.