Эътирози сокинони Қарақалпоқистон бо талаби дастрас шудани гази табиӣ

Наздики 70 тан аз сокинони деҳаи "Шортанбой"-и Қарақалпоқистони Узбекистон бо талаби дастрас шудани гази табӣ роҳи мошингардро бастанд. Мақомоти маҳаллӣ бо эътирозгарон мулоқот ва ба сокинон 116 тона ангишт доданд.

Ба гуфтаи мақомот, 16 км лула аз кор баромад ва ба ин далел интиқоли газ ба деҳа қатъ шуд. Дар ҳоли ҳозир масъулон имкони дубора барқарор кардани интиқоли газро баррасӣ мекунанд.

Дар Узбекистон дар фасли тирамоҳу зимистон қатъи интиқоли барқу гази табиӣ ба як падидади маъмулӣ табдил шудааст.

Пештар аз ин хабар расид, ки интиқоли гази табиӣ ба даҳҳо тарабхона ва қаҳвахона дар шаҳри Тирмиз то 1 апрели соли 2020 қатъ шудааст.