Толиб Ёқубов, ҳомии ҳуқуқи маъруфи узбек ва мунтаққиди президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, ки бештар аз 10 сол дар Фаронса паноҳ бурда ва соли гузашта ба ватанаш баргашт, вафот кардааст.
Наздикони Ёқубов гуфтанд, ки вай 27 ноябр дар синни 79-солагӣ фавтид.
Толиб Ёқубов соли 2007 дар пайи таъқибу фишорҳои хадамоти махсуси Узбекистон кишварро тарк кард. Вай пештар гуфт, намедонист, ки ӯро пинҳонӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд.
Ёдрас мешавем, 15 августи соли 2018 аз сафорати Узбекистон дар Фаронса ба Ёқубов занг зада, гуфта буданд, ки ӯ метавонад, барои баргашт ба ватан раводиди яксолаеро дарёфт кунад.
"Консул ба ман гуфт, ки шумо бидуни ягон ҳарос метавонед, ба Узбекистон баргардед. Дар сафорат маро хеле хуб пазируфтанд ва дар даҳ дақиқа раводиди яксоларо омода карда, доданд. Пас аз 2 сол 80-сола мешавам ва бемор ҳастам. Чи гуна метавонам ба Узбекистон осеб расонам? Ватанро хеле пазмон шудаам",-гуфта буд ӯ.