Хадамоти махсуси Эрон ҳашт нафареро боздошт кард, ки дар ҳамкорӣ бо Идораи марказии иктишофии ИМА гумонбар мешаванд. Дар ин бора хабаргузории расмии Эрон -- IRNA иттилоъ дод.
Теҳрон иддао дорад, ки боздоштшудаҳо зери ниқоби рӯзноманигори шаҳрвандӣ ба ҷосусӣ машғул буданд. Онҳо гӯё дар бораи эътирозҳои ҷорӣ дар Эрон маълумот ҷамъоварӣ карда, ба хориҷ мефиристоданд.
Вашингтон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.
Эътирозҳо 15-уми ноябр якбора дар чандин шаҳри Эрон оғоз шуданд. Ба норозигии сокинон болоравии нархи бензин (тақрибан то ба 13 сент барои як литр) сабаб шуд. Мақомот гуфтанд, танҳо бо ҳамин роҳ имкони ҳалли мушкилиҳои иқтисодие вуҷуд дорад, ки дар пайи таҳримҳои ИМА ба миён омадаанд.
Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International бо истинод ба шоҳидон ва фаъолони эронӣ иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи пароканда кардани тазоҳургарон дар беш аз 20 шаҳри Эрон дасти кам 106 кас кушта ва наздики 1000 нафар боздошт шудаанд. Мақомоти Эрон ин рақамҳоро рад мекунанд, вале шумори дақиқи қурбониёнро эълом намекунанд.
Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз тазоҳургарони Эрон даъват карда буд, ки ба департамент аксу видеоҳои эътирозҳоро фиристанд. Ӯ гуфт, Вашингтон ба иллати хушунат ва таъқиби фаъолон зидди Теҳрон таҳрим эълом мекунад.