Суҳбати Ашраф Ғанӣ ва Доналд Трамп дар бораи сулҳ

Гуфтугуи телефонии Ашраф Ғанӣ рӯзи 21-уми ноябр сурат гирифтааст.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар гуфтугуи телефонӣ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико барномаи ҳафтмоддаии сулҳ дар кишварашро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти Ашраф Ғанӣ рӯзи 22-уми ноябр гуфт, ки дар тамоси телефонии рӯзи 21-уми ноябр Доналд Трамп таъкид кардааст, ки оташбас бояд яке аз пешшартҳои музокирот бо Толибон бошад.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи ҳукумат дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Раиси ҷумҳур Трамп таъкид кард, ки ба хотири оғози музокироти сулҳ оташбас пешшарти аслӣ ва ҳатмист. Дар паҳлӯи ин раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, барои онки тарҳи сулҳ ба муваффақият бианҷомад, бисёр муҳим аст, ин тарҳ аз ҳукумати Афғонистон бошад ва аз тарафи он мудирият шавад. “

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ моҳи гузашта барномаи ҳафтмоддаи сулҳро муаррифӣ кард, ки ҳадафи он бо истифода аз музокироти Амрикову Толибон поён додан ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст. Ду тараф тақрибан як сол гуфтугу доштанд, аммо Доналд Трамп ба сабаби бомбгузориву ҳамлаҳои Толибон онро моҳи сентябр қатъ кард.

Нозирон гуфтаанд, тарҳи сулҳи Ашраф Ғанӣ мушкил дорад ва аз ҷумла шарт барои созиши оташбас эълон кардани Толибон. Ин гуруҳ то ҳол дархостҳо барои оташбасро рад кардаанд ва ҳукумати Афғонистонро дастнишондаи Амрико номида аз гуфтугу бо он худдорӣ мекунанд.