Флоренс Парли, вазири дифои Фаронса мегӯяд, бо вуҷуди нақши эҳтимолии Эрон дар силсилаи ҳодисаҳо дар Ховари Миёна, кишвараш гуфтугу бо Теҳронро идома медиҳад. Ӯ айни замон ишора кард, ки аз “ақибнишинии тадриҷӣ ва амдии Амрико” аз Ховари Миёна нороҳат аст. Флоренс Перли дар ин бора рӯзи 23-уми ноябр дар як нишасти байналмилалии амниятӣ дар Манама, пойтахти Баҳрайн суҳбат кард.
Дар конфронси солонаи “Гуфтумони Манама” сиёсатгузорони минтақа ва коршиносон ҷамъ меоянд. Флоренс Парли гуфт: «Вақте минагузории киштиҳо бепосух монд, ҳавопаймои бесарнишинро заданд. Вақте ба ин ҳам посух нашуд, як корхонаи азими нафтро бомборон карданд. Ин дар куҷо хотима меёбад. Таъминкунандагони амният куҷоянд. “
Дар ин ҳодисаҳои чанд вақт пеш кишварҳои арабӣ ва Ғарб ангушти ишорат ба суи Эрон кардаанд. Дар посух ба ин баёнияҳо Одил Ал Ҷубайр- вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ, яке аз муттаҳидони аслии Амрико дар Ховари Миёна гуфт, ки Амрико аз Ховари Миёна ақибнишинӣ накардааст ва таъкид кард, кишвараш ба аҳдҳои Иёлоти Муттаҳида бовар дорад.