Мумкин аст, Русияро дар бозиҳои ояндаи олимпӣ ҳам роҳ надиҳанд, чун WADA ва ё Оҷонси Байналмилалии Зидди Допинг гуфтааст, ки муассисаи зиддидопингии Русия мутобиқ ба қоидаҳо дар ин соҳа амал намекунад. Муассисаи байналмилалӣ рӯзи 22-уми ноябр дар вебсайташ хабар дод, Кумитаи арзёбии мувофиқат ба қоидаҳо тавсия додааст, ки РУСАДА, Оҷонси зиддидопингии Русия мутобиқ ба меъёрҳо амал намекунад. Арзёбии мазкур рӯзи 9-уми декабр дар як нишасти дигар дар шаҳри Париж барассӣ мешавад ва дар сурати қабули тавсия мумкин аст, Русияро соли оянда ба Бозиҳои тобистонаи олимӣ дар Токио роҳ надиҳанд. Соли 2018 тими миллии Русияро ба далели истифода аз допинг ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ роҳ надоданд ва фақат гуруҳе аз варзишгарон аз номи худ ҳунарнамоӣ карданд.
Моҷарои допинг дар варзиши Русия баъд аз он сар зад, ки маълум шуд, дар озмоишгоҳҳои Русия соли 2014 ҳангоми Бозиҳои Олимпӣ дар Сочӣ натиҷаи ташхиси хуни варзишгаронро иваз кардаанд. Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ вазифадор аст, ки тавсияҳои ВАДА-ро ба инобат бигирад, аммо Томас Бах, раиси кумита гуфтааст, ки тарафдори манъи комили ширкати Русия дар бозиҳои олимпӣ нест.
Соли 2018 ВАДА амр дод, ки тими миллии Русия ба Бозиҳои Олимпии Пёнг Чанг дар Куриёи Ҷанубӣ роҳ дода нашавад, аммо Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ба 170 варзишгари рус иҷоза дод, ки на аз номи кишвар, балки мустақилона дар бозиҳо рақобат кунанд. Интизор меравад, чунин имконеро дигарбора барои варзишгарони рус дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио фароҳам кунанд. Бозиҳо рӯзи 24-уми июл оғоз мешаванд.