Боздошти як табиб дар Қазоқистон барои пайванди ғайриқонунии гурда

Мақомоти Қазоқистон аз боздошти сардухтури бемористони №1 шаҳри Чимкент Абилой Донбой хабар медиҳанд. Мақомот гуфтанд, дар бемористони таҳти роҳбарии Абилой Донбой ҷарроҳии ғайриқонунии пайвандсозии гурда анҷом шудааст.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, амалҳои ҷарроҳӣ давоми солҳои 2017-2018 сурат гирифтааст.

"Асосан шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон, Украина ба далели вазъи сахти моддиашон гурда мефурӯхтанд ва муштариҳои бемористон асосан шаҳрвандони хориҷи дур, аз ҷумла Исроил буданд",-омадааст дар хабари ВКД.

Абилой Донбой бо моддаҳои "Ширкат дар гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ" ва "Буридани ғайриқонунии аъзои инсон" айбор мешавад. Пештар аз ин чанд тан аз табибони дигар бо айни ҳамин айбҳо боздошт шуда буданд.