Амрико мавқеашро нисбат ба шаҳраксозии яҳудиҳо тағйир додааст

Майк Помпео

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико рӯзи 18-уми ноябр гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида мавқеашро нисбат ба шаҳраксозии яҳудиҳо дар Соҳили ғарбии дарёи Урдун тағйир додааст.

Вашингтон дигар ба ин назар нест, ки шаҳраксозӣ ҳуқуқи байналмилалиро поймол мекунад. Помпео гуфт, мавқеи Соҳили ғарбӣ бояд дар пайи гуфтугӯи Исроил бо фаластиниҳо таъйин гардад.

Ин тасмими Вашингтон аз мавқеи ҳукумати президенти пешини Амрико Барак Обама аз реша фарқ мекунад. Дар соли 2016 котиби давлатии вақти Амрико Ҷон Керрӣ расман тасдиқ карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида шаҳраксозиро ғайриқонунӣ медонад.

Исроил аз мавқеи нави Амрико истиқбол кард. Дар ҳукумати Исроил гуфтанд, ҳамакнун "хатои таърихӣ" ислоҳ шуд.

Намояндагони Маҳмуд Аббос, роҳбари Фаластин тасмими Амрикоро "хилофи ҳуқуқи байналхалқӣ" унвон карданд. Масъулони Иттиҳоди Аврупо гуфт, мухолифат ба шаҳраксозиро давом хоҳад дод. "Иттиҳоди Аврупо аз Исроил даъват мекунад, ки шаҳраксозиро қатъ кунад", - гуфт Федерика Моғеринӣ, роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо.

Исроил дар пайи Ҷанги шашрӯза дар соли 1967 Соҳили ғарбиро ишғол кард. Аз он замон то кунун дар ин минтақа 140 шаҳраки яҳудӣ сохта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир онҷо наздики 600 ҳазор одам истиқомат мекунад. СММ, Русия, Иттиҳоди Аврупо ва аксари кишварҳои дунё амалкарди Исроилро ғайриқонунӣ унвон мекунанд.