Бино ба гузоришҳо, Русия се киштии тасарруфкардаи Украинаро ба зудӣ ба ин кишвар бармегардонад. Ҳарсе киштиро рӯзи 17-уми ноябр ҳангоми ҳаракат дар назди гулугоҳи Керч ва зери назорати нерӯҳои дарёии Русия мушоҳида кардаанд. Расонаҳои Украина ва Русия гуфтанд, ки мумкин аст, ҳарсе киштиро дар қаламравҳои байналмилалии обӣ ба мақомоти Украина супоранд. Аз ин пештар Андрей Ермак, дастёри раиси ҷумҳури Украина, дар бораи марҳилаи ниҳоии бозгардонидани киштиҳо хабар дод.
Русия киштиҳои хурди украиниро ноябри соли 2018 дар наздикии нимҷазираи Қрим боздошт кард. Маскав гуфт, ки киштиҳо ба қаламравҳои обии Русия ворид шуданд, ҳарчанд баъди ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон онро қаламрави Русия эътироф накардаанд. Мақомоти Украина иддаоҳо дар бораи вуруд ба қаламравҳои обии Русияро рад кардаанд. Маскав моҳи сентябр маллоҳони ҳамин киштиҳои украиниро бо баъзе аз зиндониёни рус иваз кард.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури нави Украина баъди расидан ба ин мақом дар баҳори имсол, саъй дорад, ба муноқиша бо Русия поён бидиҳад. Дар ҷанги 6-солаи ҷудоиталабони тарафдори Русия ва ҳукумати Украина дар шарқи кишвар то кунун 13 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Қарор аст, раҳбарони Олмону Фаронсаву Украина ва Русия дар шаҳри Париж ҷамъ омада ва роҳҳои ҳалли муноқишаро баррасӣ кунанд.