Донишҷӯе дар Амур 1 касро кушт ва 3 тани дигарро маҷруҳ кард

Дар шаҳри Благовешени вилояти Амури Русия дар тирпарронии рӯзи 14 ноябр дар коллеҷи сохтмонӣ ва хоҷагии коммуналӣ як одам кушта ва се тани дигар захмӣ шуд. Ин тирпаррониро донишҷӯи коллеҷ ташкил кард. Маҷруҳони 17, 19 ва 20-сола дар бемористон бистарӣ шуданд.

Пулис ҷавони 19-солаи мусаллаҳро дар ошёнаи дувуми коллеҷ муҳосира кард. Байни кормандони пулис ва ҷавони мусаллаҳ тирпарронӣ сурат гирифт. Ба иттилои пешакӣ, ҷавон дар ниҳоят аз силоҳи шикорӣ, ки ба номи худаш сабт шуда буд, худкушӣ кард.

Дар наворе, ки расонаҳои маҳаллӣ нашр карданд, донишҷӯе дида мешавад, ки дар замин хоб аст ва аз ҷисми вай хун меравад.

Шоҳидон гуфтанд, ҳодиса соати 10 субҳ замоне рух дод, ки ба далели дер мондан ӯро нагузоштанд, вориди синфхона шавад. Баъди ин вай тирпарронӣ кард. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳадди ақал садои 5 тир шунида шудааст.