ВКД: Саймаитӣ шиносномаи қирғизиро ғайриқонунӣ гирифта буд

Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, соҳибкори чинӣ Айеркин Саймаитӣ, ки дар Туркия кушта шуд, шиносномаи қирғизиро ғайриқонунӣ дарёфт кардааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2017 як шаҳрванди Чин, соли таваллудаш 1988 ба пулис муроҷиат карда, хостааст, зидди ҳамватанаш Айеркан Саймаитӣ чора андешида шавад. Ба гуфтаи ӯ, Саймаитӣ дар бозори Қара-Сӯ молу колои вайро ба маблағи 3 миллиону 28 ҳазор доллар аз худ кардааст.

Дар асоси шикояти шаҳрванди Чин бо банди "Қаллобӣ" парванда боз шуда, дар рафти санҷиш маълум гашт, ки шахси ҷустуҷӯшаванда аз шиносномаи ба номи шаҳрванди Қирғизистон Самятов Эркен Салимович додашуда ғайриқонунӣ истифода мекунад.

Моҳи июли соли равон дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Ғайриқонунӣ додани шиноснома" парвандаи ҷиноӣ боз ва як масъули Шуъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод гумонбар дониста шуд. ​Зидди худи Саймаитӣ парвандаи алоҳида боз гашта, тафтишот идома дорад.

Айеркен Саймаитӣ шоми 10 ноябр дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Саймаитиро замоне куштанд, ки вай дар наздикии қаҳвахонае дар минтақаи Фотеҳи Истамбул нишаста буд. Қотил аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ 29 майи соли равон таҳқиқоти рӯзноманигор Алӣ Тоқтакуновро зери унвони "Аз пайи миллионҳо доллари аз Қирғизистон бурдашуда" нашр кард, ки бар асоси он, тайи солҳои 2011- 2017 ҳудуди 700 млн доллар ба воситаи бонкҳои гуногун ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ИМА ва Ҳонгконг интиқол дода шудааст.

Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки соҳибкор Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.

Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов -- бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки бо гумони қатли Айеркен Саймаитӣ ду шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Сурия боздошт шудааст.