Пулис дар Душанбе аз ҷавонон 20 адад "силоҳи сард" мусодира кард

Идораи милисаи шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти ба номи "Корд" дар пойтахт аз дасти ҷавонон 20 адад силоҳи сард аз ҷумла корд, чоқу, кастет ва табарро мусодира кардааст.

Дафтари матбуоти милисаи шаҳри Душанбе рӯзи 4-уми ноябр дар изҳорот хабар дод, ки кормандони милитсияи пойтахт дар ду рӯзи амалиёти "Корд" дар санаҳои 1 ба 2 ноябр дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз хонандагону донишҷӯён ва ҷавонон 16 адад корд, 1 адад табар, 1 адад калтаки резинӣ, 1 адад кастет ва 1 адад ниқоб ва ҳамагӣ 20 адад ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфт ва мусодира намуданд.

Ба гуфтаи мақомот, дар миёни онҳое, ки аз ҷайбашон силоҳи сард ёфт шуд, хонандагони мактаб ва аз ҷумла духтарон низ ҳастанд. Ба иттилои дафтари матбуоти пулиси шаҳри Душанбе кормандони милиса аз ҷумла Ҳавасмо Эрназароваи 21-сола, сокини Ҳисорро аз маркази дилхушии "СамИра"-и пойтахт бо як чоқу боздошт намуданд.

Амалиёти "Корд"-ро милисаи Душанбе дар ҳоле роҳандозӣ кард, ки охиран ҳодисаҳои кордзанӣ дар миёни хонадагони мактаб ва донишҷӯён зиёд ба назар мерасад. Моҳи октябр дар натиҷаи кордзани як нафар донишҷӯи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҳалок шуд.