Фарҳод Камолзода муовини аввали раиси КДАМ таъйин шуд

Рӯзи 30-юми октябр дар чанде аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Фарҳод Камолзода, аз вазифаи раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ озод шуда, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйин шуд. Курсии муовини аввали раиси КДАМ баъд аз рафтани Мансурҷон Умаров ба вазифаи раиси Идораи зиндонҳо дар моҳи ноябри соли гузашта холӣ буд.

Ба гуфтаи манбаъ, Муҳаммадсаид Файзуллозода сардори Кумитаи бехатарии озуқаворӣ таъйин шудааст. Манбаъ гуфт, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД ва сардорони раёсатҳо дар чанд ноҳия иваз шудаанд.